Хуҷанд: 300 ҳазор сомонӣ барои таъмири боми таваллудхона
Хуҷанд, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 Соли фарди солим эълон гардид, ки ин барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар заминаи эълон гардидани Соли фарди солим барои таъмиру навсозии муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳамчунин шароити фаъолияти табибон аз буҷаи шаҳрдорӣ сарфи ду миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо эълони ин хабар сомонаи шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки яке аз аввалинҳо шуда, таваллудхонаи шаҳрӣ таъмир мешавад. Барои таъмири боми бинои таваллудхона аз буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ ҷудо хоҳад шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






