Хуҷанд: иштироки беш аз 10 ҳазор дар маъракаи тозагии шаҳрӣ

Январь 18, 2016 18:18

Хуҷанд, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази вилояти Суғд дар доираи эълони иқдоми “300 рӯзи ободонӣ” бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъати тоза мегиранд.
Тибқи иттилои раёсати идораи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд 17- уми январ тибқи дастури шаҳрдории Хуҷанд дар миқёси шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид.
Дар ҳашар бештар аз 10 ҳазор сокини шаҳр, кормандони идораю ташкилот ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон иштирок намуда, бо қувваи ҳашарчиён бештар аз 2 ҳазор ниҳоли сояафкану мевадор ва наздики ҳазор бех гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Январь 18, 2016 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд