Ифтитоҳи 4 кӯдакистони хусусӣ дар соли 2015 дар ноҳияи Б.Ғафуров
Б.Ғафуров, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Соли 2015 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 кӯдакистони нав ба фаъолият оғоз намуд. Ба иттилои бахши маорифи ноҳия кӯдакистонҳои мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Зарзамин, Хистеварз, Ёва ва дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба истифода дода шуданд.
Бо ба истифода додани ин шумора кӯдакистонҳо, миқдори умумии кӯдакистонҳои хусусӣ дар ноҳия ба 9 адад расонида шуда дар умум дар ноҳия 29 кӯдакистон фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 4327 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.
Инчунин дар ноҳия се сол ин ҷониб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ дар назди 50 мактаби ноҳия Маркази инкишофи бармаҳали кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шуда, 1119 кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






