Ифтитоҳи 8 коргоҳ дар соли 2015 дар шаҳри Қайроққум
Қайроққум, 07.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дар соли 2015 дар шаҳри барқчиёни вилояти Суғд -Қайроққум 8 коргоҳи хурду миёнаи тавлидотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар умум 110 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустами Одизода иттилоъ дод, ҳоло дар 29 коргоҳҳои саноатии фаъолияткунандаи шаҳр беш аз 3 ҳазору 675 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд, ки музди маоши миёнаи онҳо аз 1000 сомонӣ зиёдро ташкил медиҳад.
Ба гуфти манбаъ, саноатчиёни шаҳр сарфи назар аз моликияташон соли 2015-ро дар қиёс ба соли 2014 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуда, дар умум тавлиди маҳсулоти соҳаро ба беш 1 миллиарду 146,7 миллион сомонӣ расониданд, ки суръати афзоиш ба 120,1% ва дар маҷмӯъ бо нархҳои муқоисавӣ истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 192,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷумла, аз шумораи умумии коргоҳҳои шаҳр дар пешрафти иҷрои нақшавӣ саҳми корхонаҳои зерин, чун — «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин», «Чархи гандумин», «Қолинҳои Қайроққум», «Зарфишон», “Муҳаммадинаҷот”, «Сидней Хуҷанд», «Хубон» назаррас буда, саноатчиёни шаҳр соли равон низ азм доранд дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр ва вилоят нақшгузор бошанд ва ба ин васила барои баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳри Қайроққум саҳмгузор бошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






