Ҷиноят аз ҷониби ноболиғон 11% кам шудааст
Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дар 11 моҳи соли 2015 аз ҷониби ноболиғон 632 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта (соли гузашта 717 ҷиноят) 85 (11%) ҷиноят кам аст. Дар ҳамин давра дар вилояти Суғд 173 ҷиноят (соли гузашта 182 ҷиноят)- 9 ҳолати камшавӣ, вилояти Хатлон 148 ҷиноят ( соли гузашта 189 ҷиноят)-41 ҳолати камшавӣ, ВМКБ 8 ҷиноят (соли гузашта 22 ҷиноят) — 14 ҳолати камшавӣ, шаҳри Душанбе 160 ҷиноят (соли гузашта 161 ҷиноят) -1 ҳолати камшавӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи пойтахт 142 ҷиноят (соли гузашта 142 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд дар ноҳияи Рашт 22 ҷиноят (соли гузашта 17 ҷиноят) 5 ҳолати зиёдшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Ноболиғон дар 1 ҳодисаи одамкушӣ, 427 ҳолати дуздӣ, 60 ҳолати авбошӣ, 3 ҳолати таҷовуз ба номус, 4 ҳолати ҳаракатҳои зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, 5 ҳолати тайёр намудан ва истеъмоли маводи нашъадор, 6 ҳолати қаллобӣ, 11 ҳолати ғоратгарӣ ва ба дигар ҷиноятҳо даст заданд. Дар ҷумҳурӣ 84 ҳолати ҳодисаи худкушии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ки 48 нафар писар ва 36 нафараш духтар мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






