Ҷиноятҳои дуздӣ дар Қурғонтеппаю Ёвон
Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -7-уми январ сокини 25-солаи ш. Қурғонтеппа аз ҷониби кормандони милитсия бо ҷинояти дуздӣ дастгир гардид. Муайян шуд, ки гумонбаршуда 6 -уми январ вориди корхонаи букмекерии «Рахш», воқеъ дар ш. Қурғонтеппа шуда, аз он ҷо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 4 сабти хотираи компютер (процессор)-ро дуздидааст. Ҳамчунин дастгиршуда дар дуздии 4 телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ва 2 аксбардори тамғаи «Нокиа» ва «Самсунг», бо арзиши умумии 7000 сомонӣ аз мағозаи хусусии соҳибкор, сокини 28-солаи ноҳияи Бохтар гумонбар дониста мешавад.
Дар ноҳияи Ёвон низ сокини 20-солаи ҳамин ноҳия бо ҷурми дуздӣ дастгир гардид. Муайян шуд, ки гумонбаршуда моҳи декабри соли 2015 бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии сокини 47-солаи ноҳияи Ёвон маблағи пулии зерин; 3200 евро, 1000 доллари амрикоӣ, 253 ҳазор рубли русӣ ва 8000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






