Ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 20, 2016 16:40

Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2016 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуд.

Роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба толори калони Кохи Сомон, воқеъ дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва намояндагони зиёди ҷавонони ташаббускор ҷамъ омаданд.

Матни пурраи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сайти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сайти АМИТ “Ховар” ҷойгир карда шуда, дар нашриёти давлатӣ пешкаш мегардад.

 

Январь 20, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд