Ислоҳоти милитсия доираи фаъолияти онро васеъ мегардонад
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он таҳияи «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» -ро пешниҳод намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» тасдиқ гардида, бо қабули «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» нақшаи амаликунонии он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Тибқи ин ислоҳот фаъолияти милитсия доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, кумаки таъҷилии тиббӣ, психологӣ, ҷустуҷӯйи одамони гумшуда, ҳамзамон наҷот додани ҳайвонотро фаро хоҳад гирифт ва барои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ дар давоми ду сол зиёда аз 11 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намудаанд, ки як қисми онҳо ба тасвиб расидаанд.
Тибқи талаботи барномаи мазкур вазорат барои баланд бардоштани савияи дониш ва омӯзишу мушоҳидаҳо кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳуриҳои Хорватия, Молдова ва ИМА сурат фиристонда, зиёда аз 35 конфронсу семинар ва вохӯриҳо гузаронид. Инчунин, Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ба тасвиб расид, ки он дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҷамъиятии машваратӣ-мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро барои ташаккул ва татбиқкунонии сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расондан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз ҷараёни ислоҳоти милитсия таъсис дода шудааст. Ҳуҷраҳои кории шӯроҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии молиявии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Сафоратхонаи ИМА таъмир гардида, бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд. Инчунин дар доираи ислоҳоти милитсия бо маблағгузории Сафорати ИМА дар назди шуъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис дода шуд.
Боло бурдани эътимоди аҳолӣ ба милитсия яке аз ҳадафҳои дигари ин ислоҳот буда, бо кумаку дастгирии созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ пурсишҳои ҷамъиятӣ гузаронида шудаанд. Тадқиқоти мазкур собит сохт, ки дар давоми ду соли охир дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда оид ба амаликунонии стратегия ва барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Чунончӣ, 79,7 фоизи пурсидашудагон гузаронидани ислоҳотро зарур дониста, 71,9 фоизашон дар фаъолияти милитсия тағйироти мусбатро интизоранд. 60,8 фоизи пурсидашудагон зикр кардаанд, ки ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2013 камтар шудааст. Ин нишондод дар деҳот 69 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2014 сатҳи бовари мардум ба фаъолияти милитсия 49,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013-ум 4,7 фоиз бештар аст.
Бояд гуфт, ки гузарондани ислоҳот дар мақомоти милитсия ва мутобиқ намудани фаъолияти он ба талаботи замони муосир, меъёрҳои асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳамкории судманд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






