Истисмори меҳнатии одамон
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар») — 19-уми январ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 28-солаи шаҳри Душанбе бо гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир шуд. Муайян гардид, ки гумонбаршуда, моҳи августи соли 2013 зани 23-солаи шаҳри Душанберо бо роҳи фиреб бо баҳонаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудан ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия даъват намуда, дар он ҷо ба муддати 4 моҳ маҷбурӣ кор фармуда, музди меҳнаташро ба маблағи 100 ҳазор рубли русӣ ба манфиати худаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, гумонбаршуда ҷавони 21-солаи шаҳри Душанберо низ бо роҳи фиреб, барои кор ба шаҳри Маскав ҷалб намуда, дар муддати 3 моҳ маҷбурӣ кор фармуда, музди меҳнаташро ба маблағи 100 ҳазор рубли русӣ аз они худ кардааст.
Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






