Китобхони беҳтарин муайян гардид
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади муайян кардани китобхони беҳтарин ва афзун намудани шумораи китобхонҳо дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Китобхони беҳтарини сол» гузаронида шуд. Озмунро шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва китобхонаи илмии донишкада ҷамъбаст намуд.
Тавре ки аз донишкада хабар доданд, аз тамоми факултаҳои донишкада 16 китобхони беҳтарин ба қайд гирифта шуда, дар озмун иштирок карданд.
Шартҳои асосии озмун- ин аз ҳама бештар гирифтан ва мутолиа кардани китоб, дар муҳлати муайяншуда баргардонидани он, мутолиа намудани китобҳои бадеӣ, риояи Низомнома дар бораи қоидаҳои гардиши китобхона ва тозаю озода баргардонидани китобҳо маҳсуб мешуд. Илова бар ин, ба иштирокдорони озмун саволҳои зеҳнӣ низ дода шуданд.
Дар ҷамъбаст, аз рӯи талаботи шартҳои озмун ҷои якум насиби донишҷӯи курси 4 факултаи молия ва қарз Манзура Маллаева, ҷои дуюм насиби донишҷӯи курси 4 факултаи ҳисобдорӣ ва омор Аҳлиддин Табаров ва ҷои сеюм насиби донишҷӯи курси 2 ҳамин факулта Шарофат Халилова гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






