Китоби тозанашр дар Маркази исломшиносӣ
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Усули дин»-и имом Абулюср Муҳаммади Баздавӣ, яке аз сарчашмаҳои каломи боэътимод ва бисёр муҳимми аҳли суннат ва ҷамоатро, ки соли 1088 мелодӣ дар Самарқанд ба забони арабӣ таълиф шудааст, дар тарҷума ва таҳияву тавзеҳоти Саиднуриддин Шаҳобуддинов ба забони тоҷикӣ аз тариқи нашриёти «Андалеб Р» дар ҳаҷми 456 саҳифа аз чоп баровард. Муаллиф дар ин асар мавқеи аҳли суннатро доир ба 96 масъалаи каломию эътиқодӣ бо далелу бурҳонҳои ақлию нақлӣ ва бо сабки бисёр равону сода баён кардааст, ки аҳамияти худро то имрўз гум накардааст. Дар китоб доир ба масъалаҳои эътиқодӣ, сабабҳо ва заминаҳои пайдоиши ҷараёну равияҳои гуногун дар ислом, ҳамчунин дар бораи мазҳабҳо ва диёнати аҳли қибла муфассал маълумот дода мешавад. Тарҷумаи тоҷикии ин китоби муътабар бо таҳқиқ ва таълиқоти лозимӣ бори аввал дар ихтиёри алоқамандон гузошта мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






