Конфронси «Таъсири омилҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушду устувории хоҷагии қишлоқ» дар ДМИТ
Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- 28-уми январи соли ҷорӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзўи «Таъсири омилҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушду устувории хоҷагии қишлоқ» конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Дар кори он олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Зимни ҷаласа ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз намуд, ки мавзӯи баррасишавандаи конфронс фарогири Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таваккал Ҷабборов, дотсенти ДАТ ба номи Ш.Шотемур дар мавзўи «Ҳолат ва дастовардҳои соҳаҳои растанипарварӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аҳмад Ҳайитов, профессори кафедраи фанҳои табиатшиносии ДМИТ дар мавзўи «Ҳолат ва дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологӣ дар мавзўи «Таъсири омилҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушду устувории хоҷагии қишлоқ» маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсияи донишкада ва кафедраи фанҳои табиатшиносӣ доир гардид.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






