Кормандони «Барқи Тоҷик» барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ таклифҳои судманд пешниҳод намуданд
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки корманди Прокуратураи генералӣ дар толори ШСХК «Барқи Тоҷик» бо кормандони ин ниҳод дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик» ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳоро дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, ки дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон монеаҳоро эҷод мекунанд, арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






