Кумаки башардӯстонаи Сафорати Ҷумҳурии Корея ба зарардидагони
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Аз 12- ум то 16-уми январи соли равон аз ҷониби кормандони ташкилоти “Международное Добрососедство” дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона барои зарардидагони офатҳои табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расонида шуд. Кумаки башардӯстона бо кумаки молиявии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон, дар ҳаҷми умумии 60 000 доллар ва 45 338 доллар маблағҳои ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи “Международное Добрососедство” омода гардид.
Кумаки башардӯстона аз 6 тонна шири хушк, 120 дона гармкунаки электрикӣ, термосҳо, чойҷӯшонҳои электрикӣ ва дег иборат буд. Ғайр аз ин барои аҳолии зарардида либоси гарми зимистона тақдим шуд.
Бояд гуфт, ки бори аввал нест, ки Сафорати Корея дар Тоҷикистон дар маъракаи кумак ба аҳолии зарардидаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Ташкилоти ғайридавлатии башардӯстонаи “Международное Добрососедство” дар Тоҷикистон зиёда аз даҳ сол аст, ки ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон кумаки хайрхоҳона мекунад. Ин кумакҳо мақсаднок барои аҳолӣ равона шуда, ҳамзамон барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки хисороти гаронро барои иқтисодиёти Тоҷикистон ба бор меоранд, нигаронида шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






