Кумаки роҳбарияти осоишгоҳи «Баҳористон » ба кӯдакистони «Офтобак»
Хуҷанд, 5.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи Соли нави мелодӣ сарвари осоишгоҳи «Баҳористон» Абдураҳмон Абдуҷабборов аз кӯдакистони «Офтобак» дидан намуд. Кӯдакистони «Офтобак» аз шумораи боғчаҳои беҳтарин ба ҳисоб рафта, қариб 200 нафар кӯдакон дар он ҷо бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Сарвари осоишгоҳ бо кӯдакон вохӯрд ва ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, хотири онҳоро шод намуд. Инчунин ба маблағи 12 ҳазору 500 сомонӣ лавозимоти арзанда, ки барои таъминоти боғча заруранд, тақдим шуд. Ӯ ваъда дод, ки минбаъд сарпарастии боғчаи мазкурро бар уҳда гирифта, тез-тез аз он ҷо хабар мегирад ва дар иду айём онҳоро бо туҳфаҳо қадрдонӣ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






