Кумаки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зарардидагони Тоҷикистон
Душанбе, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки қаблан эълон шуда буд, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бино ба дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 млн. доллари амрикоӣ барои расонидани кумаки башардӯстона ба зарардидагони зилзилаи охир дар минтақаҳои шарқии Тоҷикистон ҷудо карда буд.
Ин кумак қарор шуд тавассути Маркази малик Салмон ибни Абдулазиз оид ба кумакҳои башардӯстона дар ҳамоҳангӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардад.
Инак, марҳилаи аввали кумак ба зарардидагони баъзе аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ва водии Рашт оғоз шуда, ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор доллари ИМА маводи мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла 1500 сабади истеъмолӣ, 90 тонна ангишт ҳамроҳ бо 1500 дона печка ва 7500 кампал фиристода шуд.
Маъракаи кумаки башардӯстонаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад дошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






