Кумакпулӣ ба маблағи 650 ҳазор сомонӣ
Хуҷанд, 4.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров -Анвар Мақсудов дар самти дастгирии донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюб, падар ё модар надоранд, осебпазир ва тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ба истиқболи соли нави мелодии 2016 бо кумакпулии якдафъаина бархурдор гардиданд.
Дар ин бора раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Аюбҷон Усмонов иттилоъ дод. Кумакпулӣ ба донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб 1500 сомонӣ, падар ё модар надошта 1000 сомонӣ ва ба 717 донишҷӯи тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда кумакпулии яквақта дар ҳаҷми 165 сомонӣ дода шуд.
Гуфта мешавад, ки феълан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин гурӯҳи донишҷӯён беш аз 1200 нафар буда, маҷмуан кумаки расонидашуда беш аз 650 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






