Курси омӯзишии ММТ барои 100 намояндаи шаҳру навоҳии кишвар
Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар» ) — Аз 18-ум то 20-уми январи соли 2016 курси омӯзишии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2016-2017 баргузор мешавад. Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) дар назар аст дар курси мазкур 100 намоянда аз 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намоянд.
Мақсади чорабинии мазкур омода намудани таблиғгарон барои иттилоърасонию омӯзонидани низоми ИМД ба омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва волидайни онҳо мебошад. Интихоби таблиғгарон дар мувофиқа бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дар асоси озмоиши марказ сурат мегирад. ММТ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки давомнокии курси омӯзишӣ 12 соат буда, онро кормандони марказ дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз рӯйи дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва модул-барномаи омӯзишӣ мегузаронанд.
Даври дуюми чорабинии мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, рӯзҳои 27-29-уми январ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва даври сеюм дар давоми моҳи феврали соли 2016 барои хатмкунандагон ва падару модарони онҳо (дар шакли дарсҳои омӯзишӣ) баргузор хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






