Курси такмили ихтисос доир ба муносибатҳои байналмилалӣ
Душанбе, 26.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи таърихӣ ва дастовардҳои замони истиқлол» оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи он таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки “сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омодааст бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории судманд густариш диҳад”. Таъкид гардид, ки мавриди омӯзиш қарор додани барномаи мазкур амри зарур ва саривақтӣ ва аз ҷониби дигар тадбири оқилонаи роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар таҳияи нақшаи ҷадвали курсҳо барои соли 2016 зимни таҳлил ва омӯзишҳои амиқ масъалаҳои мубрами соҳаи хизмати давлатиро пешниҳод намудаанд.
Машғулиятҳо то 30-юми январ идома ёфта, ба шунавандагон оид ба мавзӯъҳои заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати абарқудратҳо нисбат ба Тоҷикистон, татбиқ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ дарс ва мубоҳисаҳо гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






