Кушодашавии дидбонгоҳҳои сарҳадии замонавӣ дар Отряди сарҳадии «Панҷ»-и вилояти Хатлон
Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Моҳи январи соли 2016 дар минтақаи зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ 5 дидбонгоҳи нави замонавӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба истифода дода шуданд.
Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз утоқҳои корӣ, хобгох, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҷои дастурӯйшӯӣ, ҳаммоми замонавӣ иборатанд.
Яке аз дидбонгоҳи навътасиси сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ», дар маросими тантанавӣ бо гузоштани нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев ба номи ӯ гузошта шуд.
Дар маросими тантанавӣ раиси КДАМ ҶТ С. Ятимов ва раиси ноҳияи Панҷ Н. Сайфидинов дар назди меҳмонон ва сарбозон гуфтанд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд ба ҳар як аскару афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ — ин садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад.
Ба афсарон ва сарбозони фаъол барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи раиси КДАМ ҶТ ва Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтирхономаҳо, нишонаҳои сарисинагӣ ва мукофоти пулӣ супорида шуданд.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






