М. Ҷабборӣ аз фаъолияти кормандони соҳа изҳори қаноатмандӣ намуд
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Ҷаласаи мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият ва нишондиҳандаҳои рушди соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар он муовини Сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, муовинони вазир ва роҳбарони муассисаҳои ташхисию шифоии кишвар иштирок доштанд. Вазир зикр кард, ки: “Соли фарорасида барои кишварамон, ҳамчунин, барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли пурмасъулу самаранок мебошад, зеро имсол ҳам дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳам дар самтҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тақдирсоз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бисту панҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор хоҳад гардид. Яке аз рўйдодҳои муҳим — қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” мебошад. Маҳз бо роҳнамоӣ ва хиради Сарвари давлат, бо идроку матонати беназири ў Тоҷикистон фазои сулҳу оромро доро гашта, давлати соҳибистиқлол гардид ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хоссаи худро пайдо намуд”.
Пешгирии фавти модару кӯдак, ба роҳ мондани назорати антинаталӣ, бемориҳои гениталӣ ва дигар бемориҳое, ки сабабгори марги модарон ҳангоми таваллуд ё тифли навзоди онҳо мегарданд, назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, истифодаи дурусту самараноки телетиб аз масъалаҳои асосие буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ андешаҳояшро нисбат ба фаъолияти соҳа дар соли 2015 баён намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мафҳуми сифат дар фаъолияти табибон бояд дар ҷои аввал бошад ва истифодаи дурусту самараноки таҷҳизоти гаронарзиши тиббӣ бояд пурра ба роҳ монда шавад. Марҳабо Ҷабборӣ аз фаъолияти кормандони соҳа дар соли сипаришуда дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ намуд.








Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад






