М.Ҷабборӣ: Соли 2015 барои кормандони соҳаи илм соли бобарору соли комёбиҳои беназир буд

Январь 8, 2016 16:59

Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Фаъолияти Академияи илмҳо аз рӯи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамчунин беҳтар кардани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҷустуҷӯ ва истифодаи манъбаҳои ғайрибуҷетии маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва равнақ додани робитаҳои илмии байналмилалӣ равона шуда буд”,- гуфт Президенти АИҶТ Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни маҷлиси умумии солонаи академия.
Муовини сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ таъкид намуд, ки илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф шудааст.
«Соли 2015 новобаста аз таъсири бӯҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои ғайричашмдошт барои ҷомеаи Тоҷикистон махсусан кормандони соҳаи илм соли бобарору соли комёбиҳои беназир буд”,-илова намуд Марҳабо Ҷабборӣ.
Бояд гуфт, ки дар маҷлиси умумии солонаи АИҶТ ба шуъбаҳои академияи мазкур як зумра дастуру супориш барои амалӣ гардонидан дар соли 2016 дода шуд, ки яке аз онҳо- ин омодагӣ ва дар сатҳи баланди илмиву ташкилӣ баргузор намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ буд.

 

Январь 8, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид