М. Муродов: Падару модарон низ ба омӯзондани забонҳои хориҷӣ масъуланд
Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Масъалаи забономӯзӣ, ки 20- уми январи соли равон зимни Паёми солона аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад»,-гуфт доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов.
Ба андешаи Мурод Муродов имрӯз омӯзгорон, олимон ва равшанфикронро лозим аст, ки роҳҳои зеҳнии ҷалби ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илмҳои гуногун, аз ҷумла омӯхтани забонҳои хориҷӣ пайдо намоянд, зеро агар мо ҷавонону наврасонро ба ин роҳ омода накунем, онҳо дар ҷаҳони имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат пеш рафта истодааст , қафо мемонанд.
Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ва ин ё он фан танҳо вазифаи омӯзгор набуда падару модарро низ лозим аст, ки дар ин кор масъул бошанд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






