Маҷлиси солонаи шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ

Январь 7, 2016 09:53

Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 7 январ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси умумии солонаи шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии муассисаҳои илмии шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 муҳокима мешаванд. Аз рӯи масъалаи мазкур ҳисоботи ноиби президенти АИ ҶТ, раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов муҳокима мешавад.
Ба рӯзномаи маҷлиси умумии солона ҳамчунин маърӯзаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илми сиёсатшиносӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди геополитикии ҷаҳони муосир дохил шудааст.

Январь 7, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст