Машварат доир ба хариду фурӯши одамон
Темурмалик, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик вобаста ба мавзӯи хариду фурӯши одамон бо ҷалби мутахассисон ва ҷавонони ноҳия машварат доир кард. Тавре ки Аслиддини Айниддин, мудири бахши ҷавонони ноҳияи Темурмалик дар ин ҳамоиш гуфт, мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як идда ҷавонон аз сабаби бесаводӣ ва соддалавҳӣ ба доми гурӯҳҳои одамфурӯш афтодаанд. Он ҷавонони тоҷике, ки дар ҷангхои Сурияву Ироқ иштирок карда, аксарияташон ба ҳалокат афтодаанд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти олии кишвар бисёр духтарон аз давлатҳои дигар ба ватан баргардонида шуданд. Ҷавононро мебояд дар ин масъала ҳушёр бошанд ва худ пеши роҳи ин гуна амалҳои номатлубро гиранд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёхии ноҳияи Темурмалик пайваста чунин вохӯрию машваратҳоро дар байни ҷавонон мегузаронад, ки натиҷаи хуб дода истодаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






