Мулоқот бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар ВКХ
Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 29 январи соли 2016 бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йом Ки Ёнг мулоқоти корӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои иҷрои минбаъдаи тавофуқоте, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи апрели соли 2015 дар Тэгу ҳосил шуданд ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар соли равон дар шаҳри Душанбе барои тавсеа ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар атрофи дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар сурат гирифт.
Ба ҷониби Корея барои расонидани кумакҳои фаврӣ барои бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ ва дигар манотиқи Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






