Мулоқоти кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- 29 январ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мулоқот намуданд.
Дар он cардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини якуми сардори хадамот Муқим Ниёзов, сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсия Муқим Нигора Аминзода, кормандони Раёсати номбурда Нурмаҳмад Акбарзода, Ҷамшед Убайдзода ва инчунин кормандони дастгоҳи хадамот иштирок намуданд.
Дар мулоқот масъалаи пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондани хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Муқим Нигора Аминзода мақсади гузаронидани ин вохӯриҳоро пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, ки дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон монеаҳоро эҷод мекунанд, арзёбӣ намуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






