Мулоқоти Шавкат Бобозода бо Муҳаммад Рафоъӣ

Январь 28, 2016 11:59

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо намояндагони Палатаи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб таҳти сарварии мудири Раёсати аъмол ва муносибатҳои байналмилалӣ Муҳаммад Рафоъӣ мулоқот ба анҷом расонид.
Зимни мулоқот масъалаи омўзиш ва баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ ва содиротӣ дар соҳаҳои саноати маъдан ва истихроҷ, саноати сабук, мошинсозӣ, саноати хўрокворӣ мавриди маҳокима қарор дода шуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, ба паҳлуҳои дигари ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамкории дуҷонибаро судманд арзёбӣ намуданд.

Январь 28, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад