Мусодираи 800 грамм маводи нашъадори бангдона
Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»)-19-уми январи соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду сокини шаҳри Кӯлоб: марди 30-сола, ки пеш бо моддаи 201 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва шарики ҷиноии ӯ марди 24-сола, бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд.
Зимни кофтукови шахсӣ аз онҳо 800 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрвандон: марди 44-солаи ноҳияи Фархор ва марди 39-солаи шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудаанд, дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршудагон 4 килою 20 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Дар ҳудуди ноҳияи Рашт, ҳангоми аз назаргузаронии бинои нигоҳдории воситаи нақлиётии сокини 59-солаи ҳамин ноҳия 620 грамм маводи нашъадори кӯкнори хушконидашуда дарёфт ва мусодира гардид. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки маводи нашъадори мазкур ба сокини 32-солаи ноҳияи Рашт тааллуқ дорад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






