Мусодираи ҳашиш аз сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар») -16-уми январ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи зани 52-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда 390 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш, дарёфт ва мусодира шуд.
Инчунин дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ иловатан 1 килою 446 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ҷамъи маводи нашъадори дарёфшуда 1 килою 836 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






