Мусодираи маводи нашъадор аз шахси бо ин ҷурм судшуда
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 16-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 43-солаи ноҳияи Ҳисор, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 3 килою 404 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин 17- уми январ кормандони милитсия бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови мошини шахсии гумонбаршуда, тамғаи “Хундай Старекс”, 150 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 936 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Вазни умумии маводи дарёфт ва мусодирашуда 4 килою 490 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба гумонбаршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






