Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 6,4 фоиз афзуд
Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар моҳҳои январ-октябри соли 2015 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 862,3 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоиз афзудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода таъкид намуд.
Бино ба гуфтаи вазир музди меҳнати баландтар дар соҳаҳои сохтмон — 1955 сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об — 1287 сомониро ташкил медиҳад.
“Дар соли 2015 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 112 ҳазору 961 шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 72 ҳазору 521 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба 51 ҳазору 252 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар маҷмўъ 38 ҳазор 952 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2 ҳазор 869 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3 ҳазор 937 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд”,- гуфт С. Тағойзода.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






