Нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз дар шаҳри Норак 138,1 фоиз иҷро шуд
Норак, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз дар шаҳри Норак аз рўи нақшаи тасдиқшудаи аввали сол 138,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 22,5 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда 30,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 8,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Гарчанде нақшаи қисми даромади буҷет иҷро гардида бошад ҳам сифатнокии он таъмин нашуда, як намуди андоз пурра иҷро нагардид, ки ин андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ буда, он 72,4 фоиз ё ин ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 6,7 млн сомонӣ кам ба буҷет ворид гардид. Натиҷа ин буд, ки соли 2016 шаҳри Норак аз гирифтани маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷаи вилоят бароварда шуд.
Қисми хароҷоти буҷет аз рўи нақшаи пешбинишуда 99,9 фоиз таъмин шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






