Нахустин амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурда дар Хуҷанд
Хуҷанд, 5.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникавии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд.
Дар давоми як ҳафта номбурда дар шуъбаи эҳё табобат гирифта, назар ба маълумоти табибон дар рӯзҳои наздик ба назди пайвандони худ бармегардад. Дирӯз муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои хабаргирии Фурқат Мансуров аз бемористон дидан намуданд. Масъулини Беморхонаи №1-и шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ҷарроҳии мазкур дар давоми 6 соат аз ҷониби табибони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтахои инсон Бахтиёр Боиров, Оқилҷон Одилов ва Парвиз Назаров иҷро гардид ва нахустин амалиёти пайваст намудани гурдаи инсон дар шаҳри Хуҷанд бомуваффақият гузашт.








Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






