Намоиши аксҳои Аза Қаноат дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — 26 январ дар шаҳри Душанбе намоиши аксҳои ҳамдиёрамон Аза Қаноат бо номи «Одамон ва лӯхтакҳо»доир шуд.
Иштирокдорони маҳфил бо корҳои А. Қаноат, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон машҳуранд, шинос гаштанд. «Ин санъати беназир, нотакрор ва қадимӣ мебошад, ки дар асоси хотироти шахсони бузургвор бунёд мегардад. Ҳар як лӯхтак мустақил буда, дорои симои худ, хислати худ ва муҳимтар аз ҳама, қалби худ мебошад. Намоиши имрӯза — ин танҳо оғози лоиҳаи калон аст, ки идома меёбад ва бо симоҳои нотакрори худ ҳамаро хушҳол месозад», зикр кард В.Курнушко.
Дар ҷараёни намоиш зикр шуд, ки 15 март аз ҷониби А.Қаноат дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе намоиши калони лӯхтакҳои дастисоз, бо номи «Афсонаи солинавӣ» баргузор мегардад. Дар ифтитоҳи намоиши аксҳо роҳбари намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко, ҳамсари сафири Русия дар Тоҷикистон Елена Лякина Фролова, роҳбари маркази фарҳангии «Бактрия» Амалхонум Гаҷиева, ҳамчунин зиёиёни эҷодкор ва хабарнигорон иштирок карданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






