Нобуд гардонидани маҳсулоти пастсифат аз ҷониби «Тоҷикстандарт»
Хуҷанд, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва инчунин ҳимояи бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифат мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар давоми соли 2015 ба миқдори зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маҳсулотҳои гуногуни хӯрокворӣ, сохтмонӣ ва номгӯи зиёди дигар маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолашон гузашта ва ба талаботи меъёр номутобиқро бо иштироки комиссия нобуд сохтанд.
Директори марказ Аюбҷон Бобоев изҳор дошт, ки дар давоми соли 2015 дар 2736 субъекти хоҷагидорӣ санҷишҳои назорати давлатӣ ва такрорӣ гузаронида шуда, 402 ҳолати камбудию қонуншиканиҳо ошкор шуданд. Ба 678 субъекти хоҷагидор оид ба ислоҳи камбудӣ ва манъи фурӯши маҳсулот ва хизматрасонӣ амрномаҳо дода шуданд. Зикр гардид, ки дар озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи марказ 9004 намунаи маҳсулоти ғизоӣ аз ташхис гузаронида шуда, 529 намунаи маҳсулот, аз қабили маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, консервагӣ, макарон ва меваи хушки хурмо ба талаботи меъёр номутобиқ дониста шуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






