Ҷ. Нурмаҳмадзода: Бояд хавфҳои асъорӣ коҳиш дода шаванд

Январь 29, 2016 17:53

Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар партави вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат имрӯз, 29 январи соли равон машварати роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо раисони бонкҳо, ташкилоти қарзии хурд, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилоти маблағгузории хурди ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016” баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки дар соли равон зарур аст таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ саҳми босазо гузошт. Ӯ дастури Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қурб бояд як то бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад”-ро бори дигар хотиррасон намуда, бо қатъият гуфт, ки барои аз миён бурдани монеаҳои сунъии доираҳои манфиатдор минбаъд мубодилаи асъор бояд бо қурби муайянгардида ва танҳо дар хазинаҳои сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад.
Ҷ. Нурмаҳмадзода диққати роҳбарони ташкилоти қарзиро ба якчанд масъалаи муҳими низоми бонкӣ, аз қабили номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳӣ ва идоракунии корпоративӣ, риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди ҳисоботи молиявии носаҳеҳ, надоштани стратегияи ҷалби захираҳои дарозмуҳлат, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ, ҳамкории суст бо бюроҳои таърихи қарзӣ, пешниҳоди ками маҳсулоти нави бонкӣ, баланд будани фоизи қарзҳо, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо ҷалб намуд.
Дар назди роҳбарони бонкҳо ва ташкилоти қарзии хурди ҷумҳурӣ барои ҷалби бештари маблағҳои инвеститсионӣ, пурзӯр намудани заминаи сармоявии ташкилоти қарзӣ, сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳои худ дар назди мизоҷон, таҳия ва татбиқ намудани чораҳои зиддибӯҳронӣ, рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муштариён, таъмини бештари дастрасии муштариён ба маблағҳои қарзии арзону дарозмуддат, ҳамкории зич бо бюроҳои таърихи қарзӣ, такмили минбаъдаи низоми идоракунии хавфҳо, бозомӯзии кормандон барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва коҳиш додани хавфҳои асъорӣ вазифаҳои қатъӣ гузошта шуд.
Роҳбарони ташкилоти қарзӣ зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ дархосту пешниҳодоти худро дар мавриди паст кардани фоизи қарзҳо, ҷалби амонатҳо, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо роҳи ташкили рақобати солим дар байни бонкҳо, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва такмили қонунгузории бонкӣ манзур намуданд.

Январь 29, 2016 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид
«Somon Air» ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 дастрас менамояд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд