Оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии ҶТ»
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади такмили тарбияи ҷисмонӣ, ташвиқу тарғиби рушди варзиш ва мубориза бар зидди нашъаҷаллобию нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд, гӯштини миллӣ, вазнбардорӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва мусобиқаи шиноварӣ байни бонувон бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти шиори «Варзиш- солимии ҷомеа» баргузор намуд. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз 25 январ то 28 феврали соли 2016 идома меёбанд, Шоҳҷоиза- мошини сабукрав барои калонсолон, мототсикл — барои ҷавонон ва велосипедҳо — барои наврасон гузошта шудаанд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки вазорати корҳои дохилӣ ба варзиш диққати ҷиддӣ медиҳад, зеро мақомоти корҳои дохилӣ аз пешоҳангони мубориза бар зидди нашъаҷаллобию нашъамандӣ мебошад.
Аз ҷониби Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндагони кумитаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба як гурӯҳ варзишгарони фаъол, собиқадорони соҳаи варзиш ва иштирокдори бозиҳои олимпӣ туҳфаҳои пулӣ супорида шуданд.
Баъди супоридани туҳфаҳо дар фазои тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд.
Мусобиқа сараввал аз намуди футболи хурд байни дастаҳои «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






