Обуҳавошиносон ҳавои ноустуворро пешгӯӣ мекунанд

Январь 25, 2016 16:23

Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз, 25 январ дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Ҳарорат рӯзона 12 +14 дараҷа гарм шуда, шамоли сабук мевазад. Фишори ҳаво дар доираи муқаррарӣ қарор мегирад. Наздикии шаб ҳавои абрнок ва борон дар назар буда, ҳарорат ба +3 +5 дараҷа хоҳад расид.
26 январ дар давоми рӯз ҳавои абрнок, борони сахт ва яхбандии роҳҳо дар назар аст: ҳарорат шабона ба +3 +5 дараҷа, рӯзона ба +6 +8 дараҷа расида, шамоли сабук мевазад.
27 январ дар давоми рӯз ҳавои тағйирёбандаи абрнок, андак борон ва яхбандии роҳҳо дар назар аст: ҳарорат шабона ба +1 +3 дараҷа, рӯзона ба +5 +7 дараҷа хоҳад расид, шамол аз самти шимол муътадил мевазад.
28 ва 29 январ ҳавои абрнок ва барфи сахт дар назар аст: шабона ҳарорат ба 0 ва +2 дараҷа, рӯзона ба +3 +5 дараҷа хоҳад расид, шамол сабук мевазад.
Дар ин рӯзҳо дар навоҳии тобеи марказ шабона ҳарорат -1 -2 сард, рӯзона +7 +9 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии вилояти Хатлон шабона ҳарорат 0-3 дараҷа сард, рӯзона +8 +10 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии вилояти Суғд: ҳарорат шабона 0-1 дараҷа сард, рӯзона +3 +5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Ғарби ВМКБ ҳарорат шабона 5-7 дараҷа сард, рӯзона 2-3 дараҷа сард мешавад, дар Шарқи ВМКБ ҳарорат шабона 0-5 дараҷа сард, рӯзона +2 +3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорат шабона +1 +3 дараҷа, рӯзона +5 +8 дараҷа гарм мешавад.

Январь 25, 2016 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд