Ҳодисаҳои нақлиётии нохуш дар кишвар
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 16-уми январ ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21015”, сокини 30-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири дохили мошини тамғаи “ВАЗ-21015” сокини 25-солаи шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21015” ва мусофири дигари мошини мазкур сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Дар ин рӯз, ҳамчунин, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 25-солаи ш. Қурғонтеппа, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Шаҳритуз ба самти ноҳияи Хуросон, дар ҳудуди деҳаи Хумдони ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя карда натавониста, духтарчаи 7-солаи ин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






