Олимпиадаи хонандагон ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд
Хуҷанд, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Олимпиадаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи 13 фани ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, ки аз 13 то 16-уми январ бо иштироки 825 хонандаи лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва мактаби президентии шаҳри Чкалов дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров, Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Ҷ.Расулов бештар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳияи Б. Ғафуров 20 ҷой, шаҳрҳои Исфара 16 ҷой, Хуҷанд 11 ҷой, Конибодом 7 ҷой, ноҳияи Ҷ. Расулов 7 ҷойи ифтихориро ишғол намуданд. Аз натиҷаи олимпиадаи вилоятӣ 78 ғолиб бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 қадрдонӣ шуда, 50 нафар барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






