Омӯзиши Паёми Пешвои миллат
«Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 26.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ намуда, дар заминаи вазъи воқеии ҷаҳони муосир ва масоили мубраму муҳим расонида мешаванд”. Ин нуктаро Лутфия Абдулхолиқзода -ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ зимни баррасии Паёми Пешвои миллат ба Парлумони кишвар дар ҷамъомаде, ки дар Душанбе доир гардид, иброз дошт.
Дар ҷамъомад директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, кормандони агентӣ, устодони донишкада, магистрантон ва донишҷӯён, инчунин шунавандагони курси такмили ихтисос аз воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ширкат намуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки Сарвари давлат сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари сиёсати оқилона ва пешгирифтаи худ қарор дода, ҷавононро ба соҳибмаърифатӣ, аз бар намудани илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ, забономӯзӣ, ҳисси ватандорӣ ва ифтихор аз арзишҳои давлатӣ ҳидоят менамояд, зеро маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат дар кишварамон бори нахуст мактаби инкишофи зеҳнӣ таъсис дода шуда, дар ояндаи наздик ин самт рушд дода мешавад.
Таъкид гардид, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олӣ, ки бевосита муассиси он Сарвари давлат мебошад, ҳамеша тарғибкунанда ва ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, фаъолияти худро дар баробари маърифатнокии ҷавонон, дар самти тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва муқаддас шуморидани арзишҳои волои миллию давлатӣ ба роҳ мондааст.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






