«Омўзгори соли Тоҷикистон-2015» муайян гардид
Душанбе, 25.01. 2016 (АМИТ «Ховар») .- Аз 18 то 20 январи соли 2016 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2015» баргузор гардид.
Дар озмун ғолибони даври вилоятӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе Зебоҷон Аминова, омўзгори фанни математикаи Литсеи политехникии шаҳри Хуҷанд, Рисолат Броимшоева, омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Роштқалъа, Рафоат Қувватова, омўзгори фанни таърихи гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Худойназар Ҳақназаров, омўзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Фархор ва Тоҷиниссо Шарипова, омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ноҳияи Шаҳринав иштирок намуданд.
Иштирокдорони даври ниҳоии озмун се рўз аз рўи ҳафт шарт қувваозмоӣ намуданд ва ғолиби озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2015» омўзгори фанни таърихи гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рафоат Қувватова дониста шуд. Ба ғолиби озмун ва иштирокдорони даври ниҳоӣ туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм супорида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






