Ҷонибдорӣ аз Паёми Пешвои миллат
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷонибдорӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар он роҳбарияти вазорат, роҳбарони муассисаҳои ташхисию шифоии ҷумҳуриявӣ, хадамоти давлатӣ ва муассисаҳои шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода бо ҷонибдорӣ аз нуктаҳои Паёми навбатӣ иброз дошт, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ вазифадоранд, ки барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои зерсохтори вазорат кӯшиш кунанд. “Ҳар як нуктаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо кормандони соҳа роҳнамоест, ки бояд барои иҷрои он шабонарӯзӣ софдилона меҳнат кунем”,-афзуд вазир.
Бахусус масъалаи норасоии кадрҳо дар вилояти Хатлон, назорати бемориҳои сироятӣ, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави ташхису табобат, истифодаи босамари таҷҳизоти муосири тиббӣ аз масоили мубраме буданд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонӣ дар ин самт мавриди зикр қарор гирифтанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






