Операторон ва провайдерон уҳдадоранд, то ба волидайн маълумоти ройгон ироа намоянд
Душанбе, 27.01.2016.(АМИТ „Ховар“).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 27 январ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ илова ворид намуданд. Тибқи он минбаъд операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ уҳдадоранд, ки дар асоси дархости падару модарон доир ба истифодаи фарзандони онҳо аз шабакаи Интернет маълумоти ройгон ироа намоянд.
Абдуҳалим Ғаффоров -вакили Маҷлиси намояндагон дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки ин тадбир бо мақсади тақвияти назорат аз болои фарзандон аз сӯи волидайн дар мавриди истифодаи алоқаи барқӣ, хусусан сомонаҳои интернетие, ки дар онҳо зӯроварию фаҳш, ифротгароию терроризм ва дигар зуҳуроти нангин тарғиб мегарданд, андешида шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки ҳафтаи гузашта вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар робита ба ин масъала ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи алоқаи барқӣ“ ҳам иловаҳо ворид намуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






