Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ дар даври ниҳоӣ
Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Аъзои дастаи мунтахаби футболи Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 23 -сола ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар вохӯрии нимниҳоӣ тими мунтахаби Ҷопон бар дастаи мунтахаби Ироқ бо натиҷаи 2 бар 1 ва футболбозони Корея бар мизбони бозиҳои ниҳоӣ, мунтахаби Қатар бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуданд. Акнун дастаҳои Ироқ ва Қатар барои мақоми сеюм ва Ҷопон бо Кореяи ҷанубӣ барои Ҷом рӯзҳои 29 ва 30 январ вориди рақобат мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозиҳои ниҳоӣ 16 даста ширкат карда дар чор гурӯҳ аз 12 январ дар шаҳри Доҳаи Қатар ба мусобиқа шурӯъ карданд. Аз тимҳои мунтахаби Осиёи марказӣ танҳо дастаи мунтахаби Узбекистон дар мусобиқа дар гурӯҳи «С» ширкат карда, зинаи сеюмро ба даст овард. Тими мунтахаби Эрон дар ин поя дар бозии 1/4-ниҳоӣ аз футболбозони ҷопонӣ бо нишондоди 3 бар 0 мағлуб шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






