Ошкор гардидани ҷинояти куштор
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -16- уми январ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҳисор сокини 48-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд. Муайян шуд, ки гумонбаршуда, 11-уми январ аз сабаби муноқишаи ба миён омада зани 48-солаи сокини ноҳияи Шаҳринавро ба мошини шахсиаш тамғаи “Чанху”, савор карда, ба ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, лату кӯб намуда, ба дарёи Кофарниҳон партофтааст. Дар натиҷа зани ҷабрдида аз сабаби баста шудани роҳи нафас дар об ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






