Ошкор гардидани ҷинояти роҳзанӣ
Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 10-уми декабри соли 2015, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе шахси номаълум бо истифодаи корд ба сокини 22-солаи ноҳияи Ҳисор ҳамла намуда, як маротиба ба дасти чапаш задааст. Сипас, аз ӯ ду телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ва маблағи пулӣ 2000 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия 7-уми январ бо гумони ҷинояти роҳзанӣ сокини 21-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






