Панҷакент: Дастовардҳо назаррасанд
Панҷакент, 15/01.2016. (АМИТ «Ховар»).- 13 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ширкати хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр тӯли соли равон гузориш дода, аз ҷумла иброз дошт, ки аз 11 сарчашмаи воридоти андозҳо иҷрои 10 намуди он барзиёд таъмин гардид. Аз ҳисоби таъмин нагардидани нақшаи андоз аз фоида ба буҷет ба маблағи умумии 12 миллиону 589 ҳазору 166 сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст. Дар соли 2015 андоз аз фоида ба маблағи 18 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамагӣ 6 миллиону 10 ҳазору 834 сомонӣ ворид гардидааст, ки 32,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад Супорандаи асосии андоз аз фоида XДММ КМ «Зарафшон» буда, бо сабаби пешпардохт доштан ва бо фоидаи кам ҷамъбаст намудани соли 2014 ин намуди андозро дар соли 2015 умуман пардохт накардааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар соли сипаригашта ба ҷои 93 миллиону 89 ҳазору 441 сомонии нақшаи пешбинишуда аз буҷет маблағи 95 миллиону 366 ҳазору 651 сомонӣ хароҷот шудааст, ки ин 102 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






