Паём-дастурамали рӯйимизии устодони ДДХ
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 16 факултаву дигар сохторҳои он тамошои оммавии Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва кормандон сурат гирифт.
Ҷои зикр аст, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.
Баъди тамошои Паём ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паём андешаронӣ намуда, ба сохторҳои марбута дастур дод, ки барои амалӣ намудани он нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, тамоми устодон дар соатҳои тарбиявӣ ва таълимӣ мазмун ва моҳияти Паёми Президенти мамлакатро ба самъи донишҷӯён расонанд. Устодонро зарур аст, ки вобаста ба самти ихтисос роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паём мақолаҳои таҳлилӣ намуда, аз тариқи расонаҳои ахбор чоп намоянд.
-Паёми Пешвои миллат бояд дастури рӯйимизии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бошад,-таъкид кард А. Мақсудов.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






